Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев бо Сипосномаи Китобхонаи миллӣ қадр гашт

Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои саҳми арзанда дар тайёр кардани донишҷӯён ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо Сипосномаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Сипосномаро Ҷумахон Файзуллозода, директори Китобхонаи миллӣ тақдим намуд.

Маврид ба ҷоиз аст, ки ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ду шогирди Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев роҳхат гирифта, аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти классикии тоҷик сазовори ҷойи аввал ва дуюм шуданд.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ Абдуфаттоҳ Ҳоҷиевро шодбош намуда, тавфиқи ҳамешагӣ, офият ва саломатии бардавомро орзу менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ