​Нашъамандӣ – вабои аср

Перомуни ин мавзуъ дар факултети биология ва химия бо намояндагони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мулоқот доир гардид.

Таъкид гардид, ки нашъамандӣ ба саломатии мардуми сайёра, аз ҷумла аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ пеш оварда, дар самти пешравии фарҳангии ҷамъият монеа эҷод менамояд. Нашъамандӣ чун як бемории ғайриоддӣ ба тамоми узвҳои истеъмолкунандаи маводи нашъаовар, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсир карда, беморро маҷруҳ мегардонад.

Корманди Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷӯразода Толиб Олим оид ба пешгирии нашъамандӣ ва оқибатҳои он, вируси норасоии масъунияти одам, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, инчунин содир намудани ҷиноятҳо дар байни донишҷӯён сухан ронда, ҷиҳати пешгирӣ аз ин зуҳуротҳои номатлуб аз донишҷӯён фаъолнокӣ даъват намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ