​Маҳфили "Суханшинос": Нигоҳе баравобити адабии тоҷику ӯзбек

Дар факултети таҳсилоти ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи Ҳафтаи илм маҳфили "Суханшинос" доир гардид.

Дар он мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ, дотсент Фирӯзахон Қаюмова дар мавзӯи “Таъсирпазирии забони ӯзбекӣ аз забони тоҷикӣ” баромад намуда, оиди тарҷумаи асарҳои устод Садриддин Айнӣ аз забони ӯзбекӣ ба забони тоҷикӣ ва баръакс, ҳамчунин дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, равобити адабии ин ду миллатибрози назар намуд.

Сипас, дотсенти кафедра Абдураҳмон Раҳимов роҷеъ ба тазкираҳои адабиёти асри 15 маълумот дода, роҷеъ ба ҳаёт ва эҷодиёти шоирони ин давра маълумот дод.

Дар фарҷом донишҷӯён аз ашъори бузургони илму адаб намунаҳо қироат карданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ