​Маҳфили “Фурӯғ”: Муаррифии асари арзишманди илмӣ-адабӣ

Бо ташаббуси кафедраи адабиёти муосири тоҷики факултети филологияи тољик маҳфили навбатии илмии профессор Матлубаи Мирзоюнус таҳти унвони “Фурӯғ” баргузор гардид.

Дар маҳфили навбатӣ роҳбарияти факултети филологияи тоҷик, устодони кафедраи адабиёти муосири тоҷик, муҳаққиқону унвонҷӯёни ҷавон ва донишҷӯён, аз ҷумла декани факултет, номзади илмҳои филологӣ Муҳаббат Тиллохоҷаева, муовини декани факултет оид ба илму инноватсия Сорбонҷон Азизов, номзадҳои илмҳои филологӣ, дотсентон Зеварой Бобоева, Мутриба Мавлонова, Малика Муродова, Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев ва дигарон иштирок кардаанд.

Маҳфилро адабиётшинос, дотсенти кафедра Субҳони Аъзамзод ифтитоҳ карда, дар суханронии муфассали худ доир ба таърихи баргузории маҳфилҳои илмӣдар факултети филологияи тоҷик, хоса маҳфили илмии профессор Матлубаи Мирзоюнус ва нақши он дар парвариши насли нави муҳаққиқон изҳори назар кард. Дар ин суханронӣ таърихи беш аз 20 солаи маҳфил рӯнамо шуд. Ба гуфтаи ӯ аввалин маҳфилҳо аз охири солҳои 90-уми асри гузашта падид омада ва дар кори он дар дарозои беш аз 20 сол садҳо дастовардҳо, китобҳо ва рӯйдодҳои илмӣ давр он муаррифӣ шудаанд.

Ҳамзамон дар маҳфили беш аз бистсола даҳҳо унвонҷӯён ва муҳаққиқони ҷавону донишҷӯён гузоришҳои илмӣ намуда, дар роҳи илм ба пешрафту комёбӣ расидаанд. Аз миёни аъзои ин маҳфил даҳҳо нафар рисолаҳои илмӣ дифоъ карда, сазовори унвони номзади илм гардидаанд...

Баъдан дар маҳфил аз ҷониби Субҳони Аъзамзод чанд рисола ва китобҳои арзишманд муаррифӣ шуданд, ки дар байни онҳо матни илмӣ-интиқодии Девони Шайх Камоли Хуҷандӣ (дар 2 ҷилд, нашриёти “Ношир”, Хуҷанд, 2020) бо саъю эҳтимоми профессор Фахриддин Насриддинов, “Рӯзгор ва осори Маҳастии Хуҷандӣ” ­– пажӯҳиши арзишманди профессор Матлубаи Мирзоюнус (Хуҷанд, “Хуросон”, 2020), “Осори мунтахаб”-и шоири маъруфи даризабон Шоиқ Ҷамол (Душанбе: “ЭР-граф”, 2020), ду китоб дар гирдоварии адабиётшиноси ҷавон Одили Нозир – “Сорбон дар оинаи нақду сухансанҷӣ” (Душанбе: “ЭР-граф”, 2021) ва “Анварӣ: ҷусторҳо дар рӯзгор ва осор”-и адабиётшиноси маъруф Абдурашид Самадов (Душанбе, 2021), маҷмӯаи илмиву публитсистии “60 соле, ки чун бод гузашт” дар бораи профессор Ҷовид Муқим (Душанбе: ДДЗТ, 2021) ва ғайра ҳастанд. Ин китобҳо дастоварҳои нави нашри китобҳо дар Тоҷикистонанд, ки бо завқу салиқаи баланди илмӣ таълиф, таҳия ва нашр шудаанд. Муаррифии ин китобҳо дар маҳфили навбатии “Фурӯғ” бо фарогирии мавод ва иттилои комили пажӯҳишҳо дар ин замина сурат гирифт.

Дар қисмати дувуми маҳфил ду гузориши илмӣ бахшида ба масъалаҳои адабиёти маорифпарварӣ ва насри муосири тоҷик шунида шуд. Аввалан дотсент М. Муродова дар мавзӯи “Саҳми Абдуқодир Шакурӣ дар бунёди мактаби усули ҷадидӣ” ва дотсент З. Бобоева дар мавзӯи “Насри тахайюлӣ дар адабиёти тоҷик” суханронӣ карданд. Барои аҳли ширкат шунидани суханрониҳо дар бораи яке аз пешвоёни ҳаракати маорифпарварӣ дар Осиёи Миёна Абдулқодири Шакурӣ ва махсусиятҳои насри тахайёюлӣ хеле ҷолиб буданд. Дар гузоришҳои мазкур муҳимтарин муаммоҳои марбут ба ин мавзӯъҳо баррасӣ шуда ва аҳли ширкат онҳоро бо рағбату мароқ шуниданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ