​Муаллифи ”Мавқеи калимаҳои хоси забони адабӣ дар “Фарҳанги гӯишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ” маърӯзачии беҳтарин дониста шуд

Дар кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарии факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус конференсияи илмӣ–анъанавии устодон баргузор гардид.

Дар ибтидо устодон оид ба муҳтавои конфронси илмӣ изҳори ақида намуда, таъкид ба амал оварда шуд, ки иштироки фаъолона ва маърӯзагузорӣ дар конфронсҳои илмӣ фаъолияти тадқиқотгарро такмил бахшида, роҳи коркарди паҳлӯҳои нав ба нави илмро муайян мекунад. Аз ин лиҳоз, оид ба маърӯзаҳои баррасишаванда бояд фикру мулоҳизаҳо ва таклифу дархостҳо пешниҳод карда шавад. Инчунин зикр гашт, ки конфронси мазкур яке аз тадбирҳои илмии соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, ҳамасола баҳри ҳаллу фасли муаммоҳои гуногуни илмӣ нигаронида мешавад.

Мувофиқи барнома 13 маърӯза аз ҷониби устодони кафедра дар мавзӯъҳои гуногун шунида шуд.

Пас аз ба итмом расидани маърӯзаҳо баромадҳо таҳлил шуда, маърӯзаи М. Тоҳирова - сармуаллимаи кафедра дар мавзӯи ”Мавқеи калимаҳои хоси забони адабӣ дар “Фарҳанги гӯишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ” беҳтарин дониста шуд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ