АМИТ: 7 донишҷӯи ДДХ бо ҷом ва дипломҳои дараҷаи 1-ум, 2-юм, 3-юм ва ифтихорнома қадр гаштанд
12-уми март, дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими супоридани ҷоиза, диплом ва ифтихорномаҳо барои ғолибони Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар соҳаи илм барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ибтидо Фарҳод Раҳимӣ - Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сухан карда, иброз дошт, ки рафти Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар соҳаи илм барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имсол нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар буда, ба нафароне, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд, роҳхат ба таҳсил дар зинаи магистратура бе супоридани имтиҳон дода мешаванд.
Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар соҳаи илм барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рӯи равияи математика, физика, астрономия, геология, биология ва технологияҳои иттилоотӣ доир гардид.
Дар Олимпиадаи мазкур 7 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар самти илмҳои математика, физика, геология, астрономия, химия, биология ва технологияҳои иттилоотӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷом ва 1 мақоми аввал, 2 ҷойи дуюм, 1 зинаи сеюм ва 3 мақоми ифтихорӣ гашта, бо ҷом ва дипломҳои дараҷаи 1-ум, 2-юм, 3-юм ва ифтихорнома қадр гаштанд.
Дар натиҷаи баогузории ҳайати ҳакамон Умарова Гулбаҳор – донишҷӯйи курси чоруми факултети физика ва техника дар самти илми астрономия мақоми аввалро соҳиб гашта, ҷоми академияро ба даст овард. Ҳамчунин, Дилором Назирбобоева - донишҷӯйи курси чоруми факултети биология ва химияаз фанни химия ва Басирҷон Нуров - донишҷӯйи курси дуюми факултети геоэкологияаз фанни геология бо дипломҳои дараҷаи 2-юм, Муқаддам Сангинова - донишҷӯи курси чоруми факултети биология ва химия аз фанни биология дипломи дараҷаи 3-юм ва Бунёд Абдуазимов - донишҷӯи курси панҷуми факултети математика аз фанни математика, Фаррух Ҳошимбоев - донишҷӯи курси чоруми факултети телекоммуникатсия ва ТИ аз фанни технологияи иттилоотӣ ва Мубинҷон Рустамов - донишҷӯйи курси дуюми факултети физика ва техника аз фанни физика ҷойи ифтихориро касб намуда, бо ифтихорномаи АМИТ сарфароз гардонида шуданд.