Истиқбол аз Рӯзи дониш дар донишгоҳ

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо омодагии сатҳи баланд аз Рӯзи дониш истиқбол намуданд.

Бо риояи тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии бемории Ковид-19 ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толору маҷлисгоҳ ва синфхонаҳои донишгоҳ дар маърази тамошо қарор гирифт.

Пешвои миллат зикр доштанд, ки дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди нерӯи инсонӣ робитаи мустақим дорад.

Дар идома Пешвои миллат доир ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ изҳори назар намуда, баён карданд, ки дар 40 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳоло беш аз 227 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, зиёда аз 35 ҳазор ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи дунё таҳсил карда истодаанд.

Дар идома, аз фаъолият ва саҳми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар самти тайёр намудани кадрҳои соҳибтахассус барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ сухан рафта, арз гашт, ки ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳу усулҳои пешқадаму муосири таълим, мустаҳкам намудан ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиву илмӣ, васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ба роҳ мондани ихтисосҳои нави ба талаботи иқтисоди миллӣ ҷавобгӯй ва воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилот дар маркази таваҷҷуҳи таҳсилоти олии касбии кишварамон қарор дорад.

Мавриди зикр медонем, ки Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» яке аз аввалин донишгоҳи бонуфузест, ки давоми беш аз 87 соли фаъолияти пурмаҳсмул дар баробари мутахасисони соҳаҳои хоҷагии халқ меъморони маърифату маънавият - омӯзгоронро ба камол мерасонад. Таърихи тӯлонии донишгоҳ собит месозад, ки хатмкунандагони ин махзани илму маърифат дар ҳамаи сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, таълимӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар хизмат намуда, ба мансаб ва унвонҳои баланди давлатию илмӣ расидаанду имрӯз ифтихори давлату миллат ва ҷомеаи муосири мо гардидаанд.

Бо дарки ин ғамхориҳои рӯзафсуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи меҳнатии ин боргоҳи илму маърифат дар қатори дигар устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамеша дар пайи ҳифзи Истиқлолияти милливу давлатӣ, якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, рушди маорифу илм ва ободониву созандагии кишвари азизамон - Тоҷикистон саҳми бориз мегузоранд.

Маркази иттилоот

ва таҳлили донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ