​Таъсиси маҳфили "Ҷамъи хубон" дар донишгоҳ

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар заминаи эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа маҳфили "Ҷамъи хубон"таъсис дода шуд.

Иштирокдорон дар ибтидо доир ба барнома ва ҳадафҳои таъсиси маҳфили "Ҷамъи хубон" сухан карда, баъдан масъалаи ҳунарҳои мардумӣ ва инъикоси маданияту фарҳанги миллӣ дар онро матраҳ намуданд.

Ҳамчунин аз тарафи донишҷӯёни факултет барномаи рангини фарҳангӣ-маърифатӣ манзур гашт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ