​Бонувон мавқеи зан дар ҷомеаро баррасӣ намуданд

Дирӯз дар Китобхонаи марказии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” маҳфили навбатии умумидонишгоҳии “Зан ва ҷомеа” баргузор гашт.

Дар оғоз раиси Шӯрои бонувони донишгоҳ Замира Рустамова ҳозиринро бо барномаи маҳфил ошно намуда, баён кард, ки маҳфили мазкур ба болоравии фарҳанги сиёсии ҷомеа, ва ба ин васила, ба дарки масъулияти ватандорӣ ва рамзи возеҳу равшани анъанаи таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмии занону бонувонба хотири сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва осоиши ҷомеа нақши муассир хоҳад гузошт.

Баъдан номзади илмҳои филологӣ, директори Китобхонаи марказии донишгоҳ Дилбар Самадова дар мавзӯи “Зан ҳамчун қувваи пешбаранда ва ҷузъи муҳими ҷомеа” маърӯза намуда, таъкид ба ин нукта намуд, ки боис ба ифтихор ҳаст, ки нақши занону бонувон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори давлату миллат муҳиму арзишманд мебошад. Гуфта шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. Ва ин аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад.

Дар идома иштирокдорон доир ба масоили иҷрои саривақтӣ ва сифатнокии Барномаҳои давлатӣ “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ва “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” мубодилаи афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ