​Вохӯрӣ бо пирони барнодил

Донишҷӯёни курси дуюми факултети биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои шиносоӣ ва бохабар шудан аз ҳолу аҳволи солхӯрдагон аз хонаи куҳансолони шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.

Зимни шиносоӣ дар хонаи куҳансолон донишҷӯён бо тарзи зисту зиндагонии пиронсолон, маъюбону барҷомондагон бо шароитҳои мусоиди зисту зиндагонии онҳо аз наздик шинос шуданд.

Пас аз шиносоӣ, пирони барнодили хонаи куҳансолон ба донишҷӯён дуои нек дода, дар хониш муваффақияту дар ҳаёт саодатмандиро таманно намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ