Донишҷӯён аз осорхонаи “Анора” дидан намуданд

Донишҷӯёни кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ аз хона-осорхонаи шахсии “Анора” дидан намуданд. Осорхонаи шахсии “Анора” дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ буда, давоми 12 сол инҷониб фаъолият мебарад. Ташаббуси мазкур дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ” амалӣ шуд.

Директори хона-осорхона, аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомҷон Усмонов ба донишҷӯён оид ба таъриху ҳадафи таъсиси осорхона маълумот дод. Таъкид гардид, ки дар осорхонаи мазкур нигораҳое махфуз ҳастанд, ки таърихи беш аз 500 сола доранд.

Мошинаи сабукрави тамғаи “Волга”, ки соли 1964 ихтироъ шудааст, бештар таваҷҷуҳи донишҷӯёнро ҷалб намуд. Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз иқдоми мазкур баланд бардоштани дониши донишҷӯён оид ба таърих ва тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ