​"Тоҷикистон - минтақаи ҷолиби сайёҳӣ" – бо чунин ном миёни донишҷӯён озмун гузаронида мешавад

Бо мақсади таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” ва муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳӣ дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят таҳти унвони "Тоҷикистон - минтақаи ҷолиби сайёҳӣ" озмуни мақолаи беҳтарин гузаронида мешавад. Дар ин бора аз шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд.

Дар асоси низомномаи озмун хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ эҷод ва пешниҳоди ҳайати ҳакамон намоянд. Ҳангоми таҳияи мақолаҳо меъёрҳои нигориши мақолоти илмӣ бояд риоя карда шуда, маводи пешниҳодшаванда дар ҷое нашр нагардида бошад.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, муҳлати қабули маводҳо то 1 ноябри соли 2020 сурат гирифта, ғолибони озмун бо диплом ва мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 2500 сомонӣ 2000 сомонӣ, 1000 сомонӣ ва 500 сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Хоҳишмандон метавонанд барои дарёфти маълумоти иловагӣ ба рақамҳои (83422) 4-68 - 04 ва 4 - 68 - 05 тамос бигиранд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ