​Роҳандозии дарсҳои иловагии силсилавӣ аз фанни забони англисӣ

Садорати факултети забонҳои хориҷӣ дарсҳои иловагии силсилавӣ аз фанни забони англисиро барои донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунандаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба нақша гирифтааст. Мувофиқи нақша ҳар ҳафта як маротиба барои духтарони дар хобгоҳ истиқоматдошта дарси забони англисӣ гузаронида мешавад.

Дар ин замина, дар хобгоҳи №1 аввалин дарси забони англисӣ азҷониби муаллимаи кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ Ситора Раҷабова ташкил ва гузаронида шуд. Мавзӯи дарс ба алифбо ва овозҳои забони англисӣ бахшида шуда, сипас донишҷӯён бо луғати мавзӯи “My family” (Оилаи ман) шинос кардашуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар дарс аёниятҳои гуногун ба мисли варақаҳо, овезаҳо ва расмҳои аъзоёни оила истифода шуданд. Донишҷӯдухтарон дар дарс фаъолона иштирок карда, аз ташкили чунин дарс изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ки дарсҳои иловагии силсилавӣ аз фанни забони англисӣ барои он донишҷӯёне, ки хоҳиши забономӯзӣдоранд, ёрии амалӣ мерасонад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ