Видеоконференсия: Забони русӣ ҳамчун василаи тавсеаи салоҳияти байналмилалӣ

Имрӯз 27-уми ноябр, видеоконференсияи байналхалқӣ таҳти унвони "Забони русӣ ҳамчун василаи тавсеаи салоҳияти байналмилалӣ" баргузор гарид.

Ташкилкунандагони конференсия Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии таърих ва этнографияи Урали Ҷанубии Донишгоҳи давлатии Оренбург, факултети филологияи руси Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Гафуров» ва Ташкилоти илмии «Иттиҳоди халқҳои Авруосиё» мебошанд.

Дар кори конференсия олимони Федератсия Русия, Ҷумхурии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок доштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ