​ДДХ: Спартакиадаи “Саломатӣ” ташкил ва гузаронида мешавад

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшидаба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 30-юмин Спартакиадаи “Саломатӣ”-и Донишгоҳи давалтии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров байни ҳайати профессорону омӯзгорон ташкил ва гузаронида мешавад.

Спартакиада бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш, ва дар ин замина, интихоби тими Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати иштирок дар Спартакиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишии шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои таълимии олӣ ва касбии кишвар роҳандозӣ гаштааст.

Он бо қоидаҳои амалкунандаи Кумитаи олимпии умумиҷаҳонӣ гузаронида шуда, мусобиқаҳо бо системаи олимпӣ, даврӣ ва омехта аз рӯйи намудҳои волейбол (мардҳо), шашка, шоҳмот, тенниси рӯи мизӣ ва дартс гузаронида мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ