Шоирае аз соҳили Сайҳун

Бо ташаббуси кафедраи адабиёти муосири тоҷики факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба гиромидошти 70-солагии шоираи маъруфи тоҷик, шодравон Норинисои Алимуҳаммад маҳфили илмӣ-адабии «Баҳористон» баргузор гардид.

Маҳфилро декани факултети филологияи тоҷик, дотсент Муҳаббат Тиллохоҷаева ифтитоҳ карда, аз хидматҳои шоира дар равнақи адабиёти тоҷик ва мозмуну моҳияти маҳфили мазкур изҳори андеша намуд. Сипас, очерки телевизионие таҳти унвони “Духтаре аз соҳили Сир” намоиш дода шуд, ки ба паҳлуҳои мухталифи ҳаёт ва эҷодиёти гуногунранги шоира бахшида шудааст.

Чанд гуфтори бузургони адабу илм дар васфи шоираи нозукбаён низ мавриди таваҷҷуҳи аҳли ширкати маҳфил қарор гирифтанд. Аз ҷониби аъзои дастаи ҳунарии “Нидои ҷавонӣ” чанд суруди марғуб аз ашъори Норинисо ва шуарои дигар сароида шуданд.

Дар мавзӯи “Мазмун ва муҳтавои ашъори Норинисо” магистранти курси якуми факултети филологияи тоҷик Фаридуншоҳ Абдуллоев маъруза намуд. Шеърхонии теъдоде аз донишҷӯён аз ашъори шоира низ хеле ҷолибу хотирмон сурат гирифт.

Дар бахши суҳбати дӯстону пайвандон мудири осорхонаи адабии вилояти Суғд, шоира Муаттара Ғаниева ва раиси кумитаи занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ аз боби ҳамнишиниашон бо шоира ва хислатҳои ҳамидаи ӯ изҳори андеша карданд.

Дар ҷамъбасти маҳфил мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Субҳони Аъзамзод перомуни ҷойгоҳи шоира дар рушди шеъри тоҷикии замони мо сухан ронда, ба аъзои маҳфил бо роҳбарии дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик Замира Ӯлмасова ва нафароне, ки дар ташкили ин чорабинӣ саҳми арзанда гузоштанд, изҳори сипос намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ