Намоиши китобҳо дар Китобхонаи марказӣ

Бо ташаббуси Китобхонаи марказӣ барои омӯзгорони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ анвои гуногуни китобҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба намоиш гузошта шуд.

Мудири кафедраи сиёсатшиносӣ дотсент Наимҷон Бердишукуров ва профессори кафедраи фалсафа Юсуфхӯҷа Абдулатипов аҳамияти ин чорабиниро шарҳ дода, дар бораи зарурияти роҳандозӣ намудани чунин тадбирҳо сухан намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар Китобхонаи марказии донишгоҳ бо мақсади ҷалби бештари устодону донишҷӯён ба китобхонӣ бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ иқдоми судманд идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ