​Беҳтарин маърӯзаҳои илмӣ муайян шуданд

Дар кафедраи умумидонишгоҳии информатика низ конференсияи илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон, магистрантону донишҷӯён доир гардид. Мудири кафедра дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов дар бораи рафти баргузории конференсия маълумот дода, ҳадаф аз ин иқдоми анъанавиро шарҳ дод.

Тазаккур бояд дод, ки дар доираи кори конференсия дар бахши устодон 14 маърӯза шунида шуда, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҳамзамон, дар бахши донишҷӯён 9 маърӯза ироа гардида, беҳтаринҳо муайян гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар бахши донишҷӯён ҷойи як насиби донишҷӯи курси якумифакултетифизика ва техника Юлдошева Дилноза гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ