​Паём ва масъулияти шаҳрвандӣ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зикри муҳимтарин дастовардҳои кишвар азҷумла ботатбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об — «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»этироф гардидан ҳамчун ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ, ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз ёфт.

Сипас Пешвои миллат вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро мавриди таҳлил қарор дода, аз бурду бохти он изҳори назар карданд. Дар радифи масоили мавридиназар қарор дошта, Пешвои миллат солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кардаанд,ки ин пешниҳод боиси дастгирист.Зеро эълон шудани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” танҳо оғози корҳои бузурге буданд,ки онҳо вақт мехостанд то натиҷаҳои дилхоҳро ба бор оранд. Маҳз ба ҳамин хотир Пешвои миллат барои муаррифии бештари мавзеъҳои нодири сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳайвоноту наботот ва мероси таърихиву фарҳангӣ, фароҳам овардани шароит барои сайёҳии экологӣ, табобатӣ, варзишию шикор ва кӯҳнавардӣ Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд,ки тадбирҳои зарурии иловагиро андеша намоянд. Ин қарори Пешвои миллат ниҳоят оқилона ва дурандешона буда, барои дастандаркорони соҳаи имконияти дигареро фароҳам меорад. Зеро рушди инфрасохтори сайёҳӣ махсусан,киба ҷалб намудани сармояи ватаниву хориҷӣ иртибот дорад вақту замонро тақозо мекунад. Ҳини назар кардан ба вазъи ин соҳа пай бурдан душвор нест,ки ҳанӯз корҳои зиёдеро анҷом додан зарур аст тоба сатҳи баланди сифати хидматрасонӣ ва маданияти сайёҳӣ расидабошем.Пешвои миллат бо назари дурбинонаи худ дар рушди ин соҳа ояндаи Ватанро мебинанд, ки барои мардум ҷойҳои нави корӣ, мавзеъҳои обод, ҳамкориҳои байналмилали тиҷоратӣ, обрӯву нуфузи дигарро эҳдо менамояд. Дар расидан ба ин ҳадафи ниҳоӣ гузашта аз давлату ҳукумат,ташкилоту муасисаҳои марбути соҳа, бояст ҳар як шаҳрванди кишвар манфиатдор ,ғамхор ва саҳмгузор бошад. Дар канори соҳаи сайёҳӣ Пешвои миллат, касбу ҳунар, қобилияту истеъдоди фитриро дар шароити кунунӣ муҳим меҳисобанд. Пешвои миллат омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ умуман касбу донишро барои худнамоӣ не балки барои амал бастани он зарур медонанд. Воқеан дар ҳамаи давру замон оне,ки соҳиби касбу ҳунар ҳаст ҳаргиз хору залил нест ва давлату ватанро танҳо онҳое обод мекунанд .ки шомили ин ду неъмати бебаҳо бошанд.Гузашта аз ин Сарвари давлат ба хотири “таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир”ро аз вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф меҳисобанд . Ин ҷо мақсади Пешвои миллат дар шахсияти инсони имрӯз хоса ҷавонон дидани фарди боҳунарест, ки ҳам аз мероси ниёгонбархурдор ҳасту ҳам аз дастовардҳои замон баҳраёб. Ин ниҳоят муҳим аст ва волидайну устодони муассисаҳои таълимиро эътибор додан ба ин самти тарбия айни матлаб хоҳад буд.Ҳамин тариқ эълон шудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тақозо мекунад, ки дар амалӣ шудани ҳадафҳои давлат ҳар яке бо афкори тозаву пешниҳодҳои ҷолиб амал намоем ва ин се солробо мазмуну мӯҳтавои судманд барои нафъи кор истифода барем.

Саидов Саидумрон дотсенти донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ