​Экскурсияи илмӣ – омӯзишӣ ба Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров

Экскурсияи илмӣ – омӯзишии донишҷӯёни курси аввали ихтисоси географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳати факултети геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров ташкил ва гузаронида шуд.

Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шогирди аллома Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих Ҳабибулло Холҷӯраев ба донишҷӯён оиди ҳаёт ва фаъолияти Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров, иттилоъ дода, арз дошт, ки Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳаёт ва фаъолияти ходими барҷастаи давлатӣ ва олими намоёни тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров ихтисос дода шудааст. Осорхона дар асоси стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардида соли 1998 дар арафаи 90-солагии бузургдошти академик Бобоҷон Ғафуров кушода шуда, аз нахустин рӯзҳои фаъолият ба маркази маърифат ва боргоҳи илми таъриху кишваршиносии кишвар табдил ёфтааст. Дар фаъолияти осорхона шаклҳои гуногуни кори оммавӣ-тарғиботӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ, маърифатӣ-тарбиявӣ гузаронида мешаванд, ки барои меҳмонон, сокинони вилоят, ҷавонон ва кӯдакон нигаронида шудаанд.

Баъдан, донишҷӯён аз Осорхона-комплекси профессор Ҳ. Холҷӯраев (иборат аз китобхона, толорҳои «Таърихи Тоҷикистон», «Шахсиятҳои барҷастаи вилояти Суғд», «Олимони вилоят», «Табибони вилоят», «Қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аз вилояти Суғд», «Осорхонаи табиат», «Гӯшаи осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров дар саҳни ҳавлӣ»-и нахди осорхона дидан намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ