“Навои ҷавонӣ” соҳиби диплом ва мукофоти пулӣ гардид
Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” Ансамбли “Навои ҷавонӣ” –и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯйи номинатсияи “Сарояндаи эстрадӣ” сазовори ҷойи аввал гардид.
Даврии шаҳрии озмуни мавриди зикр, ки бахшида ба 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, дар Кохи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд доир гашт.
Бино ба иттилои Ҳусейнҷон Юсупов, роҳбари ансамбли “Навои ҷавонӣ” дар озмун ансамблро 7 донишҷӯ муаррифӣ намуда, дар номинатсияи “Сарояндаи эстрадӣ” 10 барнома пешниҳод шудааст.
Дар қисми тантанавии чорабинӣ ба ансамбли “Навои ҷавонӣ” диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ супорида шуд.
Хотиррасон менамоем, ки ансамбли “Навои ҷавонӣ” –и донишгоҳ шурӯъ аз соли 2017 ба фаъолият оғоз намуда, дар озмунҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ мақомҳои ифтихориро соҳиб гардидааст.
Маркази иттилоот
ва таҳлили донишгоҳ