​Конференсияи илмӣ-анъанавии устодон ва олимони ҷавон дар бахши “Робитаҳои адабӣ” баргузор гашт

Дар факултети забонҳои шарқ конференсияи илмӣ-анъанавии устодон бахши “Робитаҳои адабӣ” дар доираи конференсияи илмӣ-анънавии устодон, олимони ҷавон, магистрантону донишҷӯёни донишгоҳ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “20-солагии рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ”, 110-солагии қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор гардид.

Дар конференсия 26 маърӯзаи пурмуҳтавои илмӣ доир ба адабиётшиносӣ ва робитаҳои адабӣ аз тарафи устодонва олимони ҷавон ироа гардид.

Дар идома музокира ҷараён гирифта, маърӯзуҳои беҳтарин муайян ва барои нашр ба маҷаллаи илмии “Номаи ховаршиносон”, ки бахшида ба ҷашни30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мегардад, барои чоп пешниҳод шуданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ