​Ҳуҷҷатҳое ки довталабон барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм пешниҳод менамоянд!

Довталабон барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва қоидаи мазкур ба комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:

-ариза ба номи ректор;

-дипломи намунаи давлатӣ (асл) бо замимааш дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар хусуси фаъолияти корӣ вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихобкарда;

- 6 дона сурати андозаи 3 х 4 см;

- маълумотномаи тиббӣ (шакли №038);

- шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ