Озмун: Кӯдакон замони ҷанг. Онҳо он замон бозӣ намекарданд, фақат мезистанд

Иттифоқи журналистони шаҳри Москва бо мақсади ҳифзи хотираҳои таърихии ғалабаи ИҶШС дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар фашизм ва ба ин васила, таҳкими дӯстӣ миёни мардумони кишварҳои пасошӯравӣ тасмим гирифтааст, ки миёни рӯзноманигорони ҷавони ВАО-и русзабон (нашрияҳои чопӣ, интернетӣ, телевизионӣ, радиоӣ), донишҷӯёни факултаҳои рӯзноманигорӣ, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёна дар мавзӯи “Кӯдакон замони ҷанг. Онҳо он замон бозӣ намекарданд, фақат мезистанд” (“Деты войны. Они в нее не играли. Они в ней жили») озмун баргузор намояд.

Дар ин бора, Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барқияи иттилоотӣ додааст.

Гуфта мешавад, ки маводи пешниҳодшаванда бояд бозгӯи тақдири душвори кӯдакон дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумла, ҳаёти мушкили наврасон дар минтақаҳои аз ҷониби фашистон забтгардида, таҳмили онҳо аз шаҳри Москва ба дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва бо меҳру муҳаббат пазируфтани онҳо аз ҷониби сокинони дигар мардумони иттиҳод буда, синни иштирокдорон аз 15 то 35-соларо бояд фаро гирад.

Озмун аз рӯйи талабот (номинатсияҳо)-и зерин баргузор мегардад:

• Чоп кардани мавод дар матбуоти даврӣ (очерк, эссе, мусоҳиба, суҳбат, гузориш, аксҳо);

• Дар шабакаҳои телевизионӣ (барнома, гузориш, филми ҳуҷҷатӣ);

• Дар радио (барнома, гузориш, суҳбат, таҳияи дигар маводи радиоӣ);

• Дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ (таҳияи саҳифаҳои блогерӣ);

• Пешниҳоди тарҳҳои расонаии эҷодӣ (медиапроектҳо).

Барои иштирок дар озмуни мазкур хоҳишмандонро зарур аст, ки то 22-юми майи соли ҷорӣ дархост (шакли дархост замима мегардад) ва корҳои эҷодии худро ба суроғаи мазкур - http://ujmos.ru/vnimanie-konkurs-deti-vojny-oni-v-neyo.../ ирсол намоянд. Ғолибони озмун бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ мешаванд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ