​Семинар: “Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар дарс”

“Истифодаи технологияи иттилоотӣ дар дарси география ва нақши он дар фаъолгардонии шавқи маърифатии хонандагон" – ин мавзуъ зимни семинари илмӣ-назариявӣ, ки бо ташаббуси кафедраи геоэкология ва методикаи таълими факултети геоэкология доир гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сармуаллими кафедра Дадобоев Музаффар доир ба истифодаи технологияи иттилоотӣ дар дарси география маълумот дод.

Таъкид гардид, ки дар раванди ҷаҳонишавии муосир ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму таҳсил зарурияти истифодаи технологияи иттилоотӣ дар дарс ба миён омадааст.

Гуфта шуд, ки дар дарси география истифодаи технологияи иттилоотӣ дар фаъолгардонии шавқи маърифатии муҳассилин таъсири мусбат мерасонад.

Ҳамзамон, перомуни мавзӯи болозикр байни иштирокчиёни семинар табодули афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ