​Тарҷумони беҳтарини забони чинӣ муайян гардид

Бо иштироки донишҷӯёни ихтисоси забонҳои муосири хориҷӣ (хитойӣ-англисӣ) озмуни “Тарҷумони беҳтарини забони чинӣ” гузаронида шуд. Ҳадаф аз ин иқдом муайян намудани сатҳи забономӯзӣ ва забондонии донишҷӯён унвон мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки озмуни мазкур аз рӯйи як қатор шартҳо: ифоданок хондани матни додашуда, тарҷумаи он ва суолу ҷавоб доир гардид.

Мувофиқи хулосаи ҳайати ҳакамон ҷойи якум ба донишҷӯ Ҳасанова Манижа, ҷойи дуюм ба Азимова Фирӯза ва ҷойи сеюм ба Файзиева Ҳукмия сазовор дониста шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ