Тавсеаи шароит ва имконот дар Китобхонаи марказӣ

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар Китобхонаи марказии донишгоҳ тадбирҳои судманд идома дорад. Ин навбат бо ташаббуси садорати китобхона миёни истифодабарандагон ва муштариёни китобхона пурсиш гузаронида шуд.

Бино ба маълумоти Дилбар Самадова, директори китобхона ин иқдом бо мақсади муайян намудани дараҷаи қаноатмандии муштариён ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта роҳандозӣ гардид.

Гуфта мешавад, ки дар пурсиш 430 нафар донишҷӯён аз тамоми факултетҳои донишгоҳ иштирок намуда, андешаҳои худро оид ба реҷаи кории китобхона, дараҷаи дастрасии китобҳо ва муносибати кормандони шуъбаҳои китобхона иброз намудаанд.

Натиҷаи пурсиш дар шакли инфографика манзур шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ