Қадршиносии 6 донишҷӯи донишгоҳ бо идрорпулии раиси шаҳри Хуҷанд

Субҳи имрӯз 28-уми декабр, дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ба 100 нафар хонандагону донишҷӯён ва варзишгарони муваффақу лаёқатманд идрорпулии раиси шаҳри Хуҷандро тақдим намуд. Дар ин бора, Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод.

Дар ибтидо Фирдавс Шарифзода сухан карда, таъкид дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сўи пешрафтҳои навин қадамҳои босубот мегузорад ва дар давраи ҷаҳонишавии босуръат масъалаҳои марбут ба рӯзгори ҷавонон ҳамчун нерӯи ояндасози давлату миллат ва ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумати кишвар, аз ҷумла Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Барҳақ таъкид менамоянд, ки мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имруз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд. Воқеан ҳам, ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрузу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд изҳори боварӣ намуд, ки дар қатори мардуми сарбаланд ва ватандӯсти кишвар ҷавонон низ минбаъд чун фарзандони асили миллат баҳри равнақи соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми арзанда мегузоранд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба 100 нафар хонандагону донишҷӯён ва варзишгарони муваффақу лаёқатманд, аз ҷумла, ба 6 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров идрорпулии раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ