Семинари таълимӣ-методии назди Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогӣ
Дар факултети педагогии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” семинари доимомалкунандаи таълимӣ-методии «Методҳои корҳои ислоҳӣ бо бачагони имконияташон маҳдуд»-и назди Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогӣ баргузор гардид.
Дар машварат устодон Раънохон Ҳоҷибоева ва Зикриё Раҳмонов маърӯза намуда, доир ба хусусияти равонии кӯдакон, тарзидурустиистифодаи имову ишора, роҳу воситаҳои бартараф намудани дислалия ва нуқсонҳои нутқ иброз андеша намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузории семенари фавқуззикр муаррифӣ ва омӯзиши масоили мушаххаси хусусияти кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ҷиҳати равонӣ, ҷисмонӣ ва зеҳнӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки соли ҷорӣ дар донишгоҳ Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогӣ ихтисос дода шуда, дар он аспирантону магистрантон ва устодону донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо истифодаи технологияи навини таълим ва илм ҷалб гардидаанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил