​Чорабинӣ: "Рушди ҳунарҳои мардумии тоҷикона"

Таҳти ин ном донишҷӯёни соли сеюми факултети забонҳои хориҷӣ дар доираи таҷрибаомӯзӣ дар МТМУ №16-и шаҳри Хуҷанд чорабинӣ доир намуданд.

Ин иқдом ба муносибати “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” роҳандозӣ гардид.

Аз ҷониби хонандагон дар васфи Ватан, сулҳ, ваҳдати миллӣ шеърҳо қироат гардид. Перомуни анвои мухталифи намудҳои ҳунарҳои мардумӣ саҳна ба намоиш гузошта шуд, ки бозгӯкунандаи аҳамият ва нақши тарғиби ҳунарҳои миллӣ буданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби хонандагон оид ба “7 мӯъҷизаи Тоҷикистон” маълумотҳои ҷолиб ироа гардид.

Директори муассиса Ғанизода Фарҳод иқдоми таҷрибаомӯзонро намунаи ибрат унвон намуда, як қатор фаъолонро бо сипосномаҳо қадрдонӣ намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ