​“Файласуфони ҷавон” ба факултети забонҳои хориҷӣ омаданд

Ин навбат маҳфили навбатии “Файласуфони ҷавон” дар факултети забонҳои хориҷӣ баргузор гардид.

Ташаббуси мазкур аз ҷониби кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он баланд бардоштани дониши фалсафавии донишҷӯён унвон мешавад.

Дар доираи маҳфил иштирокчиён ба ду гурӯҳ тақсим шуда, байни ҳам вобаста ба саволҳои фалсафӣ бо методи диалектикӣ баҳсу мунозира намуданд.

Мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа профессор Атоев Атоулло доир ба мақсад ва ҳадафи ташкили маҳфили мазкур сухан намуда, оид ба аҳамияти иштироки донишҷӯён дар бораи маҳфил сухан намуд.

Аз донишҷӯён даъват гардид, ки дар маҳфилҳои минбаъда низ фаъолона иштирок намуда, дониши худро тақвият бахшанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ