Дифои рисолаи илмӣ дар Шӯрои диссертатсионии донишгоҳ

Дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-027 назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои педагогӣ Исмоилҷон Маҳмудов дар мавзӯи «Ташаккули салоҳияти касбии омӯзгорони ояндаи синфҳои ибтидоӣ бо истифодаи технологияҳои муосир (дар раванди таълими математика)» рисолаи илмии худро дифоъ намуд. Роҳбари илмии номбурда доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров - Озод Исломов мебошад.

Таҳқиқоти илмӣ дар се давраро фаро гирифта, дар ҳар яки онҳо роҳу усулҳои мутобиқ ба мақсад ва вазифаҳои таҳқиқот мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Марҳалаи аввал (солҳои 2013-2015) дақиқ намудани объект, мақсаду вазифаҳо ва фарзияи таҳқиқот, пешниҳод намудани ғояи пешбари таҳқиқотро фаро гирифта, таҷрибаи таълими фанни математика барои омўзгорони ояндаи синфҳои ибтидоӣ дар макотиби олӣ мавриди омўзиши ҳамаҷониба қарор дода шудааст. Ғайр аз ин, дар марҳилаи мазкури таҳқиқот таҳлили назариявии адабиёти илмӣ, ҳуҷҷатҳо, таҳлил ва хулосабарориҳо, ки дар раванди озмоиши педагогӣ вобаста ба мавзўи таҳқиқот гирд оварда шудаанд, анҷом ёфтааст.

Дар марҳалаи дуюм (солҳои 2016-2018) фарзияи корӣ боз ҳам мушаххастар гардонида шуда, дар рафти омодагӣ ва гузаронидани корҳои озмоишӣ-таҷрибавӣ дар факултети педагогӣ дурустии он санҷида шудааст. Дар баробари ин, таҷриба ва санҷишҳои гузаронидашуда имкон додааст, ки як дастури мукаммали таълимӣ-методӣ оид ба мавзўи таҳқиқот таҳия ва коркард гардад. Усулҳои асосии таҳқиқот дар ин марҳала дар баробари таҳлили назариявии адабиёти илмӣ, барои ба вуҷуд овардани шароити махсус барои инкишофи салоҳиятнокии касбии донишҷўёни факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус дар раванди таълими фанни математика ва истифодаи шаклу усули корҳои озмоишӣ (таҳлили корҳои таҳқиқотии донишҷўён, гузаронидани пурсишҳо, сўҳбатҳо ва ғ.) равона шудаанд.

Марҳалаи сеюм (солҳои 2019-2021) таҳлил, хулосабарорӣ ва таснифу таърифи натиҷаҳое, ки дар рафти омўзиши маводҳои илмӣ-методӣ ва корҳои озмоишӣ-таҷрибавӣ ба даст омаданд, дар қолаби диссертатсия рўйи кор оварда шудааст.

Дар рисолаи илмӣ аз методҳои таҳқиқотии таҳлили назариявии адабиёти фалсафӣ, психологӣ, педагогӣ ва илмӣ-методӣ оид ба муаммои таҳқиқот; таҷрибаи педагогӣ; анкетагирӣ; сўҳбат; мусоҳиба; омўзиши таҷрибаи педагогӣ; усули мушоҳидаи таҷрибавӣ; тестгирӣ; худбаҳодиҳӣ; усулҳои коркарди математикию омории натиҷаҳои таҳқиқот коргир шуда, ҳадаф дар ҳал кардани зиддияте, ки дар зарурати муайян кардани асосҳои назариявӣ ва роҳҳои амалӣ, коркарди воситаву усулҳои самараноки инкишофи салоҳиятнокии касбии омўзгорони ояндаи синфҳои ибтидоӣ дар мактабҳои олӣ зимни таълими фанни математика бо истифода аз воситаҳои таълим ва муайян намудани самаранокии он ифода меёбад.

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Исмоилҷон Маҳмудовро барои дифои рисолаи илмӣ шодбош гуфта, пешрафти назарраси илмӣ ва саломатии бардавомро таманно дорад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ