​Таҳти унвони “Ман оянда омӯзгор” викторина гузаронида шуд

Дар факултети таърих ва ҳуқуқ зери номи “Ман оянда омӯзгор”викторина ташкил гардид.

Декани факултет, номзади илмҳои таърих, дотсент Иброҳим Ҷабборов сухан карда, гуфт, ки омӯзгорӣ касби пуршараф буда, дар таълиму тарбияи насли наврас ва мутахассисони ҷавон, ва дар ин замина, дар ташаккули шахсияти соҳибмаърифату соҳибтахассус ва худшиносу ватандӯст саҳми босазо гузоштан ифтихори ҳар як соҳибпеша мебошад. Маҳз бо ҳидояти омӯзгор шахс соҳиби донишу маърифат ва маданияти шаҳрвандӣ гашта, моҳияти ҳаёту масъулияти ватану ватандориро дарк менамояд.

Сипас байни гурӯҳҳо аз рӯйи шартҳои муаррифии даста, кор бо тахтаи магнитӣ, саволу ҷавоб оид ба фанни методикаи таълими таърих,қироати шеър аз осори Камоли Хуҷандӣ, методи гузаронидани бозиҳои дидактикӣвикторина гузаронида шуд.

Пас аз баҳогузорӣ ба дониш, маҳорат, малака ва истеъдоди иштироккунандагон ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр гаштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ