Мулоқоти полковник бо донишҷӯён
Дар факултетибиология ва химияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» мулоқоти донишҷӯён бо сардори шуъбаи таҳқиқи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковники милитсия Орифзода Садриддин Нуриддин доир гашт.
Масоили меҳварии мулоқотро пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳарактҳои иртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ташкил дод.
Баъдан, байни иштирокдорон дар дираи одбу рафтор ва созандагиву дастовардҳои ҷавонон табодули афкорсурат пазируфт.
Аз донишҷӯён чун табақаи фаъоли ҷомеа даъват ба амал оварда шуд, ки савияи дониши худро такмил ва таҳкурсии тахассусиашонро мустаҳкам карда, бо падидаҳои номатлуб шадидан мубориза намоянд.
Маркази иттилоот ва таҳлил