​Мизи мудаввар: “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст”

Дар факултети забонҳои хориҷӣ бо ташаббуси кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст” баргузор гардид.

Магистрантони курси якум оид ба ҳаёт ва фаъолияти нависандаи англис Даниел Дефо ва асари ӯ “Робинзон Крузо” маълумот доданд.

Ҳамзамон, оид ба ҳаёт ва фаъолияти Марк Твен ва асари маъмули номбурда -“Шоҳзода ва гадо” ба забони англисӣ аз ҷониби донишҷӯён маърӯзаҳо ироа гардид.

Ҳадаф аз ташкил ва баргузории мизи мудаввар баланд бардоштани завқи эстетикии донишҷӯён, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва дониши дунявии онҳо, таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ