​Ташаккули дониши назариявии донишҷўён

Бо иштироки донишҷўёни курси дуввуми факултети биология ва химия мусобиқаи байни гуруҳӣ – викторина гузаронида шуд. Ин иқдом бо мақсади такмили дониши донишҷӯён амалӣ гардид.

Донишҷӯён дар викторина ба ду гуруҳ - «Зардуштиён» ва “Суқрот” тақсим шуда, байни ҳам аз фанни фалсафа суолу ҷавоб ва донишсанҷӣ намуданд.

Мувофиқи хулосаи ҳайати ҳакамон дастаи “Суқрот” ғолиб дониста шуда, бо ифтихорнома қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ