​Вусъати корҳои пешгирӣ аз коронавирус дар донишгоҳ

Давоми ҳафта бо мақсади чорандешиҳои таъхирнопазир барои пешгирии бемории коронавирус, ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни устодону кормандон ва донишҷӯён, таъмини гигиенаи шахсӣ дар нуқтаҳои беҳдоштӣ ва иншооти иҷтимоии воқеъ дар биноҳои таълимию хобгоҳ, лабораторияҳо, устохонаҳо ва ниҳодҳои дигари Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров корҳои судманд роҳандозӣ гашт.

Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Раёсати дизинфексияи профилактикӣ дар шаҳри Хуҷанд дар хобгоҳҳои донишҷӯдухтарону донишҷӯписарон (№1, 2, 3 ва 9) дар ҳаҷми 1139 м2 корҳои безараргардонӣ анҷом дода шуданд.

Барои идома бахшидан ба корҳои пешгирӣ аз коронавирус донишгоҳ бо 9 таҷҳизоти обпоши зиддиинфексионӣ, 120 литр маҳлули безараргардонии “Антисептик”, 80 килограмм гидрохлориди моеъ, 300 килограмм хлори хока ва дигар маҳлулҳои безараргардонӣ аз қабили спирт, антисептик, собун, гипохлориди калтсий, маҳлул барои тоза намудану дару тиреза таъмин гардида, ҳамаи он мавриди истифодаи ҷомеаи меҳнатӣ қарор дорад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки раёсати донишгоҳ минбаъд низ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятшавандаи каронавирус фаъолияти худро боз ҳам пурзӯр намуда, ҷиҳати вусъати корҳои санитарию эпидемологӣ тадбирҳои иловагӣ ба роҳ хоҳад монд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ