“Хатари коронавирус ва роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ” таҳти ин унвон конференсияи илмӣ баргузор гашт

Дар факултети биология ва химияи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар мавзӯи “Хатари коронавирус ва роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ” конференсияи илмӣ ташкил ва гузаронида шуд.


Дар ибтидо, Мақсадой Обидова - мудири кафедраи тиббӣ-биологӣ оид баромад намуда, зикр дошт, ки номи ин вирус бо сохтори он алоқаманд буда, изофаҳои хорчамонанд дорад, ки ба тоҷ (корона) монанд мебошад. Чунин номгузорӣ кардани ин вирусҳо бо механизми махсуси дохилшавӣ тавассути мембранаи ҳуҷайра бо роҳи имитатсияи “молекулаҳои бардурӯғ” молекулаҳое, ки ретсепторҳои трансмембрании ҳуҷайраҳо эътино мекунанд. Пас аз он, ки ретсептор молекулаи бардурӯғро бо тоҷаш забт менамояд, вай бо вирус фурӯ меравад ва баъди он КРН-и вирус ба ҳуҷайра ворид мешавад.

Илова гашт, ки ба коронавирусҳо вируси SARS-CoV (барангезандаи пневмонияи атипикӣ, аввалин ҳолати беморие, ки соли 2002 ба қайд гирифта шуда буд), вируси MERS-CoV (барангезандаи синдроми респиратории шарқи наздик соли 2015 аланга гирифта буд) ва вируси SARS-CoV 2 (ҷавобгар ба алангаи типи нави пневмония дар солҳои 2019-2020 мебошад) мансуб ҳастанд.

Баъдан, Таҳмина Усмонова - духтури дараҷаи олӣ, мудири шуъбаи эпидемиологии маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд сухан карда, иброз дошт, ки дар сохтори ОРВИ беморони бо инфексияи коронавирус бистарӣ кардашуда, ба ҳисоби миёна 12%-ро ташкил медиҳанд. Коронавирусҳо дар гурбаҳо, сагҳо, хукҳо, ҳайвоноти калон ва хурди шохдор ва парандаҳоро ба вуҷуд омада, коронавируси одам аввалин маротиба соли 1965 аз бемори дорои ОРВИ (сирояти шадиди вирусии роҳи нафас) ҷудо карда шуда буд. Дар солҳои оянда коронавирусҳо диққати таҳқиқотчиёнро ба худ ҷалб накард, то он даме, ки дар Чин солҳои 2002-2003 алангаи пневмонияи атипикӣ ё бемории вазнини синфроми респиратории (ТОРС, SARS) ба қайд гирифта нашуда буд. Бемориро вируси SARS СоV барангехта буд. Дар натиҷа беморӣ ба дигар мамлакатҳо паҳн шуда, ҳамагӣ 8 273 нафар сироят ёфта, 755 нафар фавтиданд, ки 9,6%-ро ташкил медод.

Пас аз он, байни ҳозирин доир ба хатар ва роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ табодули афкор сурат гирифт.

Мавриди зикр аст, ки коронавирус, ки охири соли гузашта дар Ҷумҳурии мардуми Чин кашф шуд, то кунун 198 348 нафарро гирифтор карда, боис ба марги 7 979 нафар дар ҷаҳон шудааст. Тибқи маълумоти расмӣ аз 18-уми марти соли ҷорӣ, дар Чин(80 894 нафар), Италия(31 506 нафар), Ҷумҳурии исломии Эрон(16 169 нафар) ва Испания(11 826) аз 10 ҳазор бештар ба ин вирус гирифтор шудаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ