​Маҳфили илмии "Ҳикмати таърих" баргузор гашт

Имрӯз 2-юми декабр, дар раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” маҳфили илмии муҳаққиқони донишгоҳ "Ҳикмати таърих" баргузор гардид.

Дар он ҳайати профессорону устодони факултети таърих ва ҳуқуқ ва манистрантон иштирок доштанд.

Дар ибтидо доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев ҳозиринро бо барномаи маҳфил шинос намуд.

Сипас, номзади илмҳои таърих, дотсент, декани факултети таърих ва ҳуқуқ Иброҳим Ҷабборов дар мавзӯи "Аҳамияти таърихии китоби Эмомалӣ Раҳмон "Уфуқҳои истиқлол" дар худшиносии миллӣ" маърӯза кард. Иброҳим Ҷабборов аҳамияти таърихӣ, арзиши илмӣ, мазмуну моҳият ва паҳлуҳои гуногуни асари Пешвои миллатро мавриди баррасӣ қарор дода, қайд кард, ки асар аз сарсухан, панҷ фасл ва охирсухан иборат буда, дар он давраи буҳронии мамлакат, давраи рушди иқтисоди кишвар, сармоягузорӣ, таҳлили ҳадафҳои стратегии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Маърузаи дуюми илмии маҳфил аз ҷониби доктори илмҳои таърих, профессор Набиҷон Раҳимов дар мавзӯи "Саразми бостонӣ аз нигоҳи олимони хориҷӣ" пешниҳод гардид. Дар ин маърузаи илмӣ профессор Набиҷон Раҳимов қайд кард, ки ёдгории Саразм соли ҷорӣ, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ва дастгирии ЮНЕСКО 5500-солагии он ҷанг гирифта шуд, аз соли 1977 то ин ҷониб ковишҳои бостонӣ рафта истодааст. Дар кашфи он саҳми А. Исҳоқов калон буда, таваҷҷуҳи олимони хориҷиро ба он ҷалаб кард, ки минбаъд бостоншиносони амрикоӣ, франсавӣ калон аст.

Баъдан иштирокдорон дар заминаи маърузаҳо мубодилаи афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ