​Конференсияи илмӣ-анъанавии устодон дар факултети таҳсилоти ғоибона

Дар факултети таҳсилоти ғоибонаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров“ конференсияи илмии устодон, олимони ҷавон ва донишҷӯён бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”ва 110-солагии шоири зиндаёд Мирзо Турсунзода баргузор гардид.

Дар конфронс понздаҳ маърӯза аз ҷониби устодон ва олимони ҷавони кафедраҳои фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ва педагогию табиӣ-риёзӣ ироа гардид. Конференсияро муовини декан оид ба илм ва иноватсия, дотсент Баҳриев Файзуллоҷон раҳнамоӣ кард ва бо муҳтавои маърӯзаҳо устодонро шинос намуд.

Сипас, устодон гузориш ва маърӯзаҳои хешро ба маърази аҳли нишаст вогузор намуданд. Аз ҷумла, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Турдимурод Аҳлиллоев дар мавзӯи “Асосҳои назариявию методии таҳқиқи муаммои ташаккули салоҳиятнокии омӯзгори оянда бидуни таваққуф аз фаъолияти асосӣ” маърӯзаи пурмуҳтаво истифода аз воситаҳои техникӣ намуд.

Мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ, дотсент Фирӯзахон Қаюмова низ дар мавзӯи “Мақоми Алишери Навоӣ дар адабиёти форсу тоҷик” гузориши муфассал намуда, ба суолу дархостҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин устодони факултет, дотсентон Юсуфҷон Толибов дар мавзӯи “Афзалиятҳои усулҳои фаъоли таълим дар дарсҳои табиатшиносии синфҳои ибтидоӣ”, Файзуллоҷон Баҳриев ”Мулоҳизаҳо оид ба баъзе хусусиятҳои бадеию услубии ашъори Адибаи Хуҷандӣ, Абдураҳмон Раҳимов “”Тазкират-уш-шуаро”-и Мӯҳтарам ҳамчун сарчашмаи адабӣ”, Матлубахон Умарова “Тавсифи методҳои инкишофи шуур ва истифодаи онҳо дар тарбияи хонандагони хурдсол”, муаллимон Маҳмудҷон Мирзоев дар мавзӯи “Нақши давлати Сомониён дар давлатдории халқи тоҷик”, Гулбодом Собирова “ Асосҳои назариявии мафҳуми эҷодиёт дар синфҳои ибтидоӣ” гузориш ва масъалагузорӣ намуданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ