​Сада ҷашни мулки номдор аст

Таҳти чунин унвон дар факултети биология ва химия конференсия баргузор гардид. Ҳадаф аз иқдоми мазкур гиромидошти ҷашнҳои миллӣ ва арҷгузорӣ нисбат ба арзишҳои маънавӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки ҷашни Сада ба монанди Наврӯз ва Меҳргон ҷашни миллӣ буда, бо ибтикору ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаву расму оинҳои аҷдодӣ эҳё ва арҷгузорӣ мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таҷлил шудани Ҷашни Сада силсилаи тадбирҳои муфид идома дорад, ки баргузории конференсияи мазкур аз зумраи онҳост.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ