Факултети педагогӣ: Конфронси илмӣ – амалӣ бахшида ба 110 –солагии академик Бобоҷон Ғафуров

Дар факултети педагогӣ тибқи нақша - чорабиниҳои тарбиявӣ бахшида ба 110 – солагии академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ –амалӣ таҳти унвони“БобоҷонҒафуров- алломаи замон” гузаронида шуд. Дар он декани факултет, мудири осорхонаи донишгоҳ, устодону донишҷӯён ширкат намуданд.

Чорабиниро муовини декани факултет оид ба корҳои тарбия Қодирова М. оғоз намуда, оид ба хизматҳои аллома Бобоҷон Ғафуров ба халқу Ватан суханронӣ кард.

Сипас, мудири осорхонаи донишгоҳ, номзади илми таърих, дотсент Юлдошев Р. маърузаи илмии худро дар мавзӯи“Бобоҷон Ғафуров – нобиғаи миллати тоҷик” ироанамуд.

Донишҷўи курси 1 Абдуғаниева Шафоат оид ба мавзўи “Академик Бабаджан Гафуров в памяти народа ” маърӯза намуда, оид ба ҳаёту фаъолияти ин марди фозил (тариқи муаррифӣ) маълумоти муфассалеро(бо забони русӣ) пешниҳоди донишҷўён гардонид.

Дар қисмати фарҳангӣ гурўҳи донишҷўён шеърҳо дар васфи Тоҷикистон, Бобоҷон Ғафуров қироат намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ