​Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2020

Ба диққати шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2020 аз қайд гузаштан мехоҳанд, расонида мешавад, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои довталабон дар имтиҳонҳои мазкур муайян ва муқаррар гардид.

Лозим ба зикр аст, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2020 бо дарназардошти марҳалаҳои (асосӣ ва иловагӣ)-и бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон муқаррар карда шудааст.

Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД вобаста аз зинаи таҳсилоти шахсе, ки дар ИМД иштирок кардан мехоҳад, чунин муқаррар гардидааст:

- 210 (дусаду даҳ) сомонӣ – барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11 ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ;

- 160 (яксаду шаст) сомонӣ – барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9 ум);

-25 (бисту панҷ) сомонӣ–барои марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввалия ва азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ.

Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони зерин дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД имтиёз пешбинӣ гардидааст:

1) Шахсони то 21-солае, ки ятими кул ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд;

2) шахсони зерин аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд:

- шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд;

- маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”.

Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё “кӯдаки маъюб” бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод аст.

Шахси аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озодбуда, агар дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9 ум) бошад, 80 (ҳаштод) сомонӣ ва агар шахси мазкур дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёни касбӣ бошад, он гоҳ 105 (яксаду панҷ) сомонӣ пардохт мекунад.

Шахсони дорои имтиёзҳои зикргардида ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро (http://ntc.tj/images/Downloads/6_az_qayd_guzashtan.pdf) пешниҳод кунанд.

Хотиррасон мекунем, ки шахси хоҳишманди иштирок дар ИМД-2020 бояд маблағро барои хизматрасонӣ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” пешакӣ пардохт карда, расиди аз филиал ба ӯ додашударо бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ба бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намояд.

Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонаи худ (http://ntc.tj/images/Downloads/6_az_qayd_guzashtan.pdf) ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.

Рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбие, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар ИМД-2020 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда шудаанд, дар сомонаи Марказ (http://ntc.tj/images/Downloads/nuktahoibaqaydgiri_2020.pdf) ҷой дода шудааст. Рӯйхати филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” низ дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ