Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Замин – пайванди инсон ва табиат”
Тибқи нақшаи чорабиниҳои кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Замин – пайванди инсон ва табиат” ташкил ва баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур устодони кафедра дотсент Собиров М.С. дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таълими амнияти озуқавории Тожикистон”, муаллима Ҳакимхоҷаева М.А. дар мавзӯи “Роҳҳои ифлосшавии захираҳои замин ва оқибатҳои он” ва муаллима Файзиева Ш.А. дар мавзӯи “Имконияти истифодаи нуриҳои микробиологӣ барои рушди кишоварзӣ” баромади муфассали илмӣ карда шудаанд.
Давоми чорабинӣ кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят низ бо мавзӯъҳои ҷолиби диққати иштирокчиён, аз қабили “Ҳолати мелиоративии заминҳои корам” ва “Муаммоҳои партовҳои бесоҳиб дар миқёси вилояти Суғд” баромад намуда, ҳозиринро бо вазъи истифодаи захираҳои замин, манбаҳои ифлосшавӣ, роҳҳои пешгирӣ ва беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳои корами обӣ, мавзеҳои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳои истеъмолӣ, роҳҳои бартарафсозии маконҳои партовҳои бесоҳиб ва ғайра шинос намудаанд.
Дар охири конфронси илмӣ-амалӣ ба устодони кафедраи экология ва ҳифзи табиати донишгоҳ барои маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ва иштироки фаъолона аз номи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд изҳори миннатдорӣ карда шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил