​Туҳфаи сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба донишгоҳ

Ба муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби “Ӯзбек тилининг изоҳли луғати” иборат аз 5 ҷилд тақдим гардид.

Китоби мазкурро ба ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразодараиси Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекони вилояти Суғд Илҳом Юсупов супорида, дуруди сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматовро ба роҳбарияти донишгоҳ расонид.

Китоби мазкур ба муносибати Рӯзи забони ӯзбекӣ ба донишгоҳ эҳдо гардид.

Профессор Ҷамшед Ҷӯразода, ректори донишгоҳ аз илтифоти сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ ва миннатдорӣ намуда, аз самараи ҳамкориҳо ва робитаҳои судманди донишгоҳ бо муассисаҳои касбии олӣ ва марказҳои маънавию маърифатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъкид намуд.

Гуфта шуд, ки олитарин падидаи робитаҳои инсониву адабӣ дар таърихи тоҷикону ӯзбекон муносибатиАбдураҳмон Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ буда, пайвандҳои таърихии иҷтимоӣ ва адабиву фарҳангии тоҷикону ӯзбекон давоми асрҳо василаи ҳамгироӣ ва ҳамбастагии адабиву фаврҳангии ду миллат буд.

Ректори донишгоҳ афзуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи сарони ду кишвар робитаву муносиботи халқи тоҷику ӯзбек таҳким ёфта, ҳамкориҳои Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон вусъат дорад.

Хотиррасон менамоем, ки китоби эҳдошуда “Ӯзбек тилининг изоҳли луғати” – Фарҳанги забони ӯзбекӣ фарогири 80 ҳазор калима буда, дар маркази Ҷумҳурии Ӯзбекистон - шаҳри Тошканд аз чоп баромадааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ