​​Факултети филологияи тоҷик: Маншаи саодат ва хушбахтии инсон

Дар партави амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ...” дар факултети филологияи тоҷик маҳфили илмию адабии «Донишу ҳуш" таҳти унвони“Китоб маншаи саодат ва хушбахтии инсон» доир гардид.

Дар ин маҳфили илмию адабӣ дастаҳои «Анис» ва «Хирад» байни ҳам аз рўи шартҳои саломнома, гузориши илмӣ доир ба «Китобхонӣ ва аҳамияти он», намоиши муаррифӣ, саволу ҷавоб, ҳифзи ашъор, иҷрои саҳнаи адабӣ, шарҳи байт, ифоданок хондани шеър қувваозмоӣ намуданд.

Дарин маҳфил донишҷўёни ҳар ду даста ҳам роҷеъ ба китоб ва манзалату аҳамияти он барои ҳаёти инсонҳо маълумоти арзишманд пешниҳод намуданд.

Дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Сидумрон Саидов маҳфилро ҷамъбаст намуда, ғолиби озмунро муайян намуд.

Дар интиҳо таъкид гардид, ки минбаъд низ чунин маҳфилҳо ташкил ва гузаронида хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ