Паёми пешвои миллат- раҳнамои халқи тоҷик
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 26-январи соли 2021 ироа гардид, ифодагари рушди босуботи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва раҳнамое ба самти музаффариятҳои навин мебошад.
Таасуроти мо аз тамоши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин аст, ки ҳаряк шаҳрвани Тоҷикистон бояд аз сидқи дил дар самти фаъолияти худ кору фаъолият намояд, мо ба яке аз давлатҳои пешрафта ва обод хоҳем расид.
Дар давоми соҳибистиқлолии кишварамон ва солҳои охир хеле мо ва давлатамон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем. Чихелеки Пешвои миллат дар Паём ба маҷлиси олӣ зикр намуданд, ки шаҳри Душанбе пойтахти кишвари азизамон ба қаторишаҳрҳои обод ва зебою, аз ҷиҳати амну ороми дар ҷаҳон ҷои 10-ро ишғол мекунад, ки ин ҳама аз заҳмату меҳнатҳои сарвари давлат ва дастгирии шаҳрвандон мебошад.
Дар суханрониашон таъкид намуданд, ки барои дастгирии кишоварзону деҳқонон дар соли 2021 онҳоро аз андозҳои дахлдор озод намоян. Ин барои ҳавасманд намудан ва имконият додан барои пешрафти кори кишоварзон ва соҳаи аграрӣ мебошад. Боз таъкид номудан, ки дар ду соли охир соҳаи мурғпарварӣ ва истеҳсоли гӯшти мурғ афзудааст, ва аз хориҷи кишвар воридоти онҳо кам шудааст.
Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар соҳаи илму маориф ҷидди истода гузаштанд. Ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷиҳозонидани кабинетҳои фанҳои риёзӣ, табии ва дақиқ вазифагузорӣ намуданд. Таъкид намуданд, ки дар соли 2021 озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” ташкил намуда ҳар сол гузаронида шавад. Барои ҳавасманд гордонидани иштирокчии озмунҳои ба ҷумҳуриявӣ вадару модарони онҳо ва муаллимоне, ки иштирокчиёнро омода месозанд чораҳои муассир андешанд. Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявиро барои дохил шудан ба донишгоҳҳову донишкадаҳои ҷумҳурӣ бе қабули имтиҳонҳои дохилшавӣ дохил намоянд. Ҷавонони болаёқатро, ки шавқу ҳаваси беандоза нисбати фанҳои риёзӣ дақиқу ва табии доранд ба хориҷа барои илмомӯзӣ фиристода шаванд то, ки мутахассиси баладихтисос шуда омада, ба халқу ватан хизмат намоянд.
Ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифагузорӣ карда шуд, ки барномаҳои давлатии соҳаи ҳунарҳои мардумиро таҷдиди назар намоянд. Фаъолияти занон дар ҳама соҳа назаррас буда аз он ҷумла кишоварзӣ, омузгорӣ ва соҳторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар паҳлӯи мардон истода кору фаъолият менамоян. Пешвои миллат даъват ба амал оварданд, ки дар оянда дар вазифаҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занҳои кордону ботаҷриба тадбиро андешида шавад. Садоқати занон ба давлат ва ояндаи миллат аз он шаҳодат медиҳад, ки он дархосту пешниҳодҳое, ки аз ҷониби сарвари давлат шударо якуминшуда аз тарафи занон дастгирӣ карда мешавад.
Саразм бозгӯи таърихи куҳан будани миллати тоҷик аст, ки инро олимон ва бостоншиносони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намудаанд. Бинобар ин Пешвои миллат барои боз ҳам пурратар ва чуқуртар омӯхтани фаннҳои таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ ва хориҷӣ, ҷуғрофия барои омӯзонидани он ҷидди муносибат намуда хонандагонро дар ин руҳия тарбият намоем. Ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки барои таъмин нмаудани китобҳои фаннӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Пас аз тамошои ин Паёми пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо донишҷӯёни МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” руҳу илҳоми нав гирифта, бо раҳнамоӣ ва гуфтаҳои Пешвои миллат кору фаъолият менамоем, ва барои гулгул шукуфии кишварамон саҳми худро мегузорем.
Матлуба Олимова, донишҷўи соли дуввуми факултети забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Б. Ғафур