Маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” таъсис ёфт

Имрӯз дар толори раёсати Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид.

Дар маҳфил ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода иштирок ва доир ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронд. Аз он ҷумла, баён намуд, ки дар замони муосир вазифаи аввалиндараҷаи муассисаҳои таълимии кишвар тарбияи мутахассисони ҷавон аз рӯйи талабот ва меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлату ҳукумати кишвар роҳбарияти МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров" тадбирҳои судмандро роҳандозӣ кардааст. Дар ин росто, ҷавонон дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, мутолиаи осори илмиву таърихӣ, бахусус, китобҳои арзишманди Президенти кишварро ҷиҳати тақвияти ҷаҳонбинӣ ва ҳуввияти ватандӯстиашон ба роҳ монанд. Мо бо мақсади омӯзиш ва тарғиби асарҳо, сиёсати маорифпарварона ва рўзгори ибратбахши Роҳбари давлат тасмим гирифтем, ки маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-ро роҳандозӣ намоем.

Роҳбари маҳфил Муталиб Маҳмудов, мутахассиси кор бо ҷавонони донишгоҳ баромад намуда, дар мавзўи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, дастгирии ҳамаҷонибаи давлат нисбати ҷавонон маъруза намуда, ҳамзамон, иштирокдоронро бо нақшаи фаъолияти минбаъдаи маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” шинос кард.

Донишҷўён шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат карда, зикр доштанд, ки баҳри татбиқи аҳдофи давлату ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи худро равона хоҳанд кард ва хидматҳои бузургу таърихӣ ва ибратбахши Пешвои муаззами кишварро сармашқи фаъолияти худ қарор хоҳанд дод.

Дар интиҳо, профессор Ҷамшед Ҷўразода изҳор намуд, ки донишҷўёни донишгоҳ ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишу малака ва истеъдоду маҳорат баҳри пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ камари ҳиммат хоҳанд баст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ