Паём ва сиёсати муваффақонаи хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо итминони комил метавон меъмор ва поягузори мактаби нав дар сиёсати хориҷӣ ва равобити байналхалқӣ, муаррифгари шоистаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳон номид.

Сарвари давлат зимни суханронии худ дар Иҷлосияи ХVIII Шӯрои Олии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 1993 бо назардошти манфиатҳои миллии Тоҷикистон, мавқеи геополитикӣ ва геостратегии он самтҳо ва ҳавзаҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон, принсипи асосии онро муайян ва мушаххас намуданд. Моҳияти сиёсати хориҷии Тоҷикистонро принсипи дарҳои кушод ташкил мекунад, ки моҳияти он ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо тамоми кишварҳои ҷаҳон бар пояи баробарӣ, бародарӣ, дӯстӣ ва дахолат накардан ба корҳои якдигар мебошад. Ҳавзаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ минтақаҳо ва кишварҳои зерин ба ҳисоб мераванд:

Ҳавзаи якум – Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба сӯи таҳкими равобити ҳамаҷониба тамоюли ботинӣ дорад. Тоҷикистон бо ин давлатҳо бо риштаҳои мустаҳками дӯстӣ, ҳамкорӣ дар тамоми самтҳо ҳанӯз аз замони дар ҳайати ИҶШС буданаш, пайванд буда, ин равобит акнун ба шаклу шеваи нав ҳамчун муносибати давлатҳои мустақил рӯ ба инкишоф аст.

Ҳавзаи дуюм – Осиёи Марказӣ, ки кунун рӯ ба ҳамгироии иқтисодиву сиѐсӣ дорад. Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро аз даврони хеле қадим робитаҳои ҳамсоягӣ, хешутаборӣ, бародарӣ, дӯстӣ пайваст намуда, ҳамкориҳо ҳоло моҳият ва мазмуни навро ба худ касб намудааст.

Ҳавзаи сеюм – Кишварҳои ҳамсояи форсизабон аст, ки ҳанӯз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасида бошанд ҳам онҳоро на фақат ҳамбастагии таърихӣ ва мазҳабию фарҳангӣ, балки дурнамои воқеии рушди миллӣ ба ҳам мепайвандад.

Ҳавзаи чорум – доираи нуфузи давлатҳои исломии Шарқ аст, ки онҳоро на фақат ягонагии дину ойин ва суннатҳои рӯҳонӣ, балки имконот ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайвандад.

Ҳавзаи панҷум – ҷомеаи байналмилалӣ, ки ҳамбастагии зоҳириву ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сӯи тамаддуни воҳиди умумибашарӣ роҳ мепаймояд.

Маҳз ҳамин суханронии Пешвои миллат роҳу усулҳои пешбурди сиёсати хориҷӣ ва самтҳои афзалиятнок, дурнамои онро муайян намуда, минбаъд он дар ҳуҷҷати асосӣ ва бунёдӣ – Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон такмил ёфт.

Пешвои миллат санаи 29 сентябри соли 1993 ба ҳайси Сарвари давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бори аввал аз минбари олӣ – Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона ба тамоми ҷаҳониён муаррифӣ намуданд. Ин суханронӣ аз лиҳози аҳамият, мазмуну мӯҳтаво ва ҷанбаҳои сиёсии худ барои давлати соҳибистиқлоли мо ва эъломи усулҳои калидии сиёсати хориҷии Тоҷикистон аҳамияти фавқуллода дошта, дертар ба ҳамин хотир рӯзи 29 сентябр чун “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” эълон гардид.

Сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон бар пояи эътирофи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, созишномаҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Оинномаи СММ, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳои муҳим, бо дарназардошти ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ асос ёфта, имрӯз давлати моро дар дунё чун кишвари ташаббускори бисёр масъалаҳои глобалӣ мешиносанд ва эътироф менамоянд.

Паёмҳои Пешвои миллат, ки ҳуҷҷати дар пояи таҳлилҳои амиқи илмӣ, назариявӣ, амалӣ таҳия шуда мебошанд, барои муайян намудани дурнамои сиёсати хориҷии Тоҷикистон нақши муҳим доранд. Аз Паёми нахустини Сарвари давлат (27 апрели 2000) то Паёми навбатӣ (26 январи соли 2021) ҳадафҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ эълон гардида, мақсади он ҳифзи манфиатҳои стратегии кишвар дар арсаи ҷаҳон тавассути фароҳам овардани шароити мусоид барои мустаҳкам кардани мавқеи Тоҷикистон дар ин самт, рушди ҳамкориҳои устувори ҳамаҷонибаи он бо кишварҳои дунё, кӯшишҳои пайгирона барои дарёфти ризоият ва манфиатҳои мутақобила бо давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналхалқӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи муҳим зоҳир гардида, дар он доир ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои гуногун муфассал инъикос гардидааст. Аз ҷумла, дар Паём қайд гардид, ки имрӯз Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид.

Пешвои миллат доир ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо ҳамсояҳои наздик – ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, давлатҳои узви ИДМ сухан ронда таъкид намуданд, ки ҳамкорӣ бо ин давлатҳо дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хоса дорандва ин робитаҳо дар тамоми самтҳо рӯ ба рушд буда, минбаъд низ густариш хоҳад ёфт.

Президенти кишвар таъкид намуданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо шарикони стратегии он - Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чун ҳамеша дар сархати авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонанд.

Тоҷикистон мутобиқ бо принсипҳои сиёсати дарҳои кушод ва ҳадафҳои дарозмуддати стратегии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориро бо кишварҳои дӯсту хайрхоҳи ҷаҳони ислом, Ховари миёна, Осиёи Ҷанубӣ, Ҷануби Шарқӣ, Уқёнуси Ором, Африқову Амрико тақвият хоҳад бахшид.

Дар Паём зикр гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2007 ислоҳоти низоми рафтуомади шаҳрвандони хориҷиро идома дода, ҳоло барои шаҳрвандони 112 кишвар тартиби соддаи таҳия ва ба расмият даровардани раводидро муқаррар кардааст.

Пешвои миллат қайд намуданд, ки ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ ин раванд боз ҳам такмил дода шавад. Яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ин ҳамкориҳои дипломатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, техникӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, илмӣ бо кишварҳои хориҷии дуру наздик дар чорчӯбаи созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ, ҳамчунин, бо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ идома ва густариш хоҳад дод.

Ҳоло Тоҷикистон раёсатро дар сохторҳои бонуфузи минтақавӣ - Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда дорад. Тоҷикистон ҳамчун яке аз созмондиҳандагони фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли равон ба таъсиси он 20-сол сипарӣ мегардад, аз рӯзҳои нахустини таъсиси он дар пешрафту такомули ин созмони бонуфузи минтақавӣ нақши арзанда дорад.

Дар Паём таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ба сифати ташаббускори бисёр масъалаҳои доғи сайёраи мо, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, фурӯши аслиҳа, қазияи Афғонистон, ҳалли масъалаи обу экология, тағйирёбии иқлим ба ҳисоб меравадва дар ин самт пешсаф мебошад.

Қобили зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори чор иқдоми бузург оид ба масъалаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла “Соли байналмиллалии оби тоза, 2003”, “Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои ҳаёт, 2005-2015”, “Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ва “Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” мебошанд. Беҳуда нест, ки 20-уми сентябри соли 2010 дар Ҷаласаи умумии сатҳи олии Маҷмааи умумии СММ бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола муовини Дабири кулли СММ Ша Тсу Ким чунин изҳор намуд, ки “Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Чемпиони ҷаҳон дар ҳалли масоили марбут ба об мебошад”.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Паёми Пешвои миллат ба Парлумони кишвар дар баробари Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон барои муайян кардани самту ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол, мустаҳкам кардани мавқеи давлати мо дар арсаи байналхалқӣ, таҳкими равобити мутақобилан судманд бо кишварҳои дуру наздики хориҷӣ санади раҳнамунсоз маҳсуб меёбад.

Ҷӯразода Ҷ.Ҳ., доктори илмҳои таърих, профессор,

ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ