Факултети забонҳои хориҷӣ: Муносибати салоҳиятнокӣ дар таълим
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилоти миллии кишвар ва ҷорӣ намудани низоми муосири таҳсилот тадбирҳои мушаххас ва судманд андешида шуда истодаанд, ки дар навбати худ ин гузариш яке аз талабот ва нақшаҳои амалии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 мебошад.
Дар ин ҳуҷҷати муҳими соҳа қайд карда шудааст: “Низоми нави маориф, ки мутобиқи тамоюлоти ҷаҳони муосир на ба дониш, балки ба салоҳиятнокӣ асос ёфтааст, бояд ба хонандагон имконияти аз худ намудани салоҳияту малакаҳои асосии иҷтимоиро, ба монанди қабули масъулиятнокии қарор ва банақшагирии пешравӣ дар касб, илмомӯзӣ дар давоми тамоми ҳаёт, салоҳияти алоқадорӣ, тайёрии касбии дар бозори меҳнат талабот дошта, донишу малакаи барои худтакмилдиҳӣ зарур, малакаи тарзи ҳаёти солим, арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмин намояд”.
Вобаста ба ин масъала дар факултети забонҳои хориҷӣ семинари илмӣ-методӣ бо иштироки садорати факултет ва ҳайати омӯзгорон гузаронида шуд. Дар семинар дотсенти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ Алиҷон Бойматов дар мавзӯи “Муносибати салоҳиятнокӣ дар таълим” маърӯза хонд. Мавсуф роҷеъ ба стандарти мазкур, мазмуну мундариҷа, салоҳия ва, нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ, воситаҳои арзёбии он маълумоти муфассал дод. Инчунин ӯ қайд кард, ки бо татбиқи низоми нави таълим ба даст овардани натиҷаҳои таълимии донишҷӯён (салоҳиятнокии ӯ) мақсади асосии санҷишу назорати сифати таҳсилот мебошад. Дар низоми нави таълим масъулиятнокии омӯзгорон барои беҳтар шудани натиҷаҳои таълимии донишҷӯён ба маротиб зиёд мешавад.
Доир ба мавзӯъ дотсенти кафедраи забони олмонӣ Абдуҳамид Шарифов фикру ақидаашро баён кард. Сипас, омӯзгорон мавзӯи мазкурро баррасӣ ва муҳокима намуданд.
Дар ҷамъбаст декани факултети забонҳои хориҷӣ, дотсент Меҳринисо Абдуллоева ба созмондиҳандагон ва иштирокчиёни семинари илмӣ – методӣ миннатдорӣ изҳор дошт ва қайд намуд, ки таълими салоҳиятнок яке аз иқдомҳои зарурӣ буда, корбурдион дар фаъолияти омӯзгорӣ басо муфид хоҳад шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил